Барпоии ҷашнвораи лимон дар Бохтар
Барои аввалинбор дар шаҳри Бохтар ҷашнвораи лимон ва намоишгоҳи маҳсулоти саноати барогузор шуд.
Дар таърихи 12 декабр ҷашнвораи лимон ва намоишгоҳи маҳсулоти саноати дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор шуд.
Ин ҷашнвора бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар чорчуби қарордоди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Александр Бурков, раиси вилояти Омски Федератсияи Русия ва дигар мақомот дар он ширкат доштанд.
Александр Бурков, раиси вилояти Омски Федератсияи Русия ва ҳайати ҳамроҳ дар боздид аз ин намоишгоҳ таваҷҷуҳи махсус ба маҳсулоти кишоварзии ин вилоят дошта ва аз кайфияти лимон ва сабзиҷот ва меваҳои ироашуда бисёр қадрдони карданд.
Онҳо ҳамчунин назари худро дар мавриди харид ва ниёз ба чунин маҳсулоти дар Русия баён карданд.