Декабр 16, 2022 16:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳмон дар дидор бо нахуствазири Покистон : Душанбеву Исломобод омодаи ҳамкорӣ дар заминаи дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои Покистон

Раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт : Душанбеву Исломобод омодаи густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои энержӣ ва ҳамлу нақл аз ҷумла дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Карочӣ ва Гуводор дар Покистон ҳастанд .

Нахуствазири Покистон низ дар ҷараёни  арзёбии фаъолияти бандари Гуводор ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Тоҷикистон аз имконоти бандарҳои Покистон ва коридори иқтисодии Чину Покистон истифода кунад .
Вай таъкид кард : Бандарҳои Покистон кӯтоҳтарину арзонтарин масир барои кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон аст ва фурсати вуруд ба бозорҳои Ховари Миёна ва фаротар аз онро фароҳам мекунад .

 

Барчасп