Аввалин парвози байни Тоҷикистон ва Кувайт роҳандози мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i95790
Дар таърихи 29 декабр аввалин парвоз байни Тоҷикистон ва Кувайт роҳандози мешавад.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Декабр 20, 2022 19:16 Asia/Dushanbe
  • Аввалин парвози байни Тоҷикистон ва Кувайт роҳандози мешавад
    Аввалин парвози байни Тоҷикистон ва Кувайт роҳандози мешавад

Дар таърихи 29 декабр аввалин парвоз байни Тоҷикистон ва Кувайт роҳандози мешавад.

Ба гузориши Ховар ба нақл аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоӣ Ҷазира Эйрвейз «Jazeera Airways» Кувайт аввалин парвози худро дар масири Кувайт-Душанбе-Кувайт дар таърихи 29 декаб анҷом хоҳад дод.

Ҳавопаймо бояд соати 17:20 ба вақти маҳалли фуруд ояд ва пас аз 1 соату 30 дақиқат ба самти Кувайт бозгардад.

Ифтитоҳи парвозҳои мустақим бо кишварҳои рушдёфтаи Халиҷи Форс-Кувайт руйдоди муҳим талақи шуда боиси ҷазби бештари гардишгарон аз ин минтақа ба Тоҷикистон мешавад.