Декабр 12, 2016 13:08 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба давлат ва миллати Туркия  

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паи инфиҷорҳои террористии рӯзи якшанбе дар Истанбули Туркия ба ҳамтои турки худ Раҷаб Тайиб Эрдуғон таслият гуфт.  

Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба Эрдуғон кушта ва захмӣ шудани даҳҳо тан аз шаҳрвандони Туркияро дар инфиҷорҳои фоҷеабор дар шаҳри Истанбул ба мардум ва давлати ин кишвар таслият гуфта ва барои осебдидагони шифои комил орзу кардааст.     

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми таслияти худ инфиҷорҳои террористии Истанбулро башиддат маҳкум карда ва зарурати тақвияти мубориза бо ҳамагуна мазоҳири терроризм ва ифротгариро бори дигар мавриди таъкид қарор додааст.       

Шанбе шаб дар ду инфиҷои террористӣ дар шаҳри Истанбули Туркия ва дар маҳалли таҷаммуи нерӯҳои полис, дастикам 38 нафар кушта ва 166 нафар захмӣ шуданд.

Мақомоти Туркия дар гузоришҳои худ ин ҳамларо ба Ҳизби коргарони Курдистони Туркия ПКК нисбат додаанд.

Дар паи инфиҷорҳои Истанбул дирӯз якшанбе дар Туркия азои умумӣ эълом шуд.        

 

Барчасп