Декабр 21, 2022 10:19 Asia/Dushanbe
  • Касби нишони биринҷии гуштингири тоҷик
    Касби нишони биринҷии гуштингири тоҷик

Гуштингири тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии "Таҳсил" мувафақ ба касби медали бириниҷи шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар охирин рузи рақобатҳои байналмилалии гуштифаранги бо унвони "Таҳсил" дар радаи синии зери 17 сол Сунатулло Абдулоев, варзишкори тоҷикистонӣ дар вазни 65 килограм ба нишони биринҷи даст ёфт.

Ин дар ҳоле аст, ки дар дувумин рузи ин рақобатҳо Муҳаммадамин Абдуллоев варзишкори тоҷикистонӣ дар вазни зери 80 килограми гуштии озод ба медали тилло расид.

Мусобиқоти байналмилалии "Таҳсил" гузштии озод ва фарангӣ дар байни навҷавонон аз 16 то 19 декабр дар шаҳри Боку пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар ин рақобатҳо намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Фаронса, Британия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат карданд.

 

Барчасп