Декабр 21, 2022 21:15 Asia/Dushanbe
  • Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид
    Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид

Иҷрои тарҳҳои Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифт.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 20 декабр бо Ленни Монтиел, раиси дафтари Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор вазъияти мавҷуд ва чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои судманд байни Тоҷикистон ва Барномаи тавсеаи СММ ва  мавзуоти муртабит бо пружаҳои иҷрошуда дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурди барномаи ҷаҳонии об, конфронси оби СММ – 2023 ва конфронси ояндаи мубориза бо терроризм дар Душанбе табодули назар карданд.

 

Барчасп