Каримҷон Ёров пулиси Русияро ба чолиш кашид
Як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик бо озмудани дониши ҳуқуқии нерӯҳои пулиси Русия ононро ба надонистани қонунҳои кишвари худ ва бархӯрди муғризона бо муҳоҷирон муттаҳам кард.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, шабакаи телевизионии “Life news” рӯзи 11 декабр филмҳои видеоиеро мунташир кард, ки дар онҳо Каримҷон Ёров, раҳбари Созмони "Этмос", яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав кормандони пулисро дар истигоҳҳои мухталифи метрои ин шаҳр бо сабаби боздошти беасоси муҳоҷирон ба чолиш мекашад. Дар ин филм Каримҷон Ёров аз кормандон пулис, ки муҳоҷиронро боздошт мекунанд, мепурсад, ки бо кадом асос раҳгузаронро нигоҳ медоранд ва монеи рафтани онон мешаванд?
Ровии “Life news” мегӯяд, пулиси метрои Маскав аз Каримҷон Ёров то ҷое ки мумкин аст, фирор мекунад, зеро ӯ ба унвони фарде, ки донишу саводи кормандони пулисро имтиҳон мекунад, маъруф аст. Дар ин филм низ агарчи пулис мехоҳад Каримҷон Ёровро аз пеши худ биронад, аммо ӯ ором намегирад ва ба савол додани пулис идома медиҳад. Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, аксари кормандони пулис худ қонунҳои Русияро хуб намедонанд, вале аз ин ки муҳоҷирон низ аз ҳуқуқи худ огоҳӣ надоранд, сӯистифода мекунанд ва муҳоҷирон ҳам вақте пулис фишор меоварад, метарсанд ва ҳар чӣ онҳо бихоҳанд, анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, як пулис дар шарҳи сабаби боздошти муҳоҷирон гуфтааст, онҳо бо забони ғайр суҳбат мекарданд. Ӯ бо баёни ин ки пулиси Русия тафовуте миёни шаҳрвандони муҳоҷири кишварҳои мухталиф қоил намешавад, мегӯяд, ҳатто дар ҳукми додгоҳ, ки бар асоси он муҳоҷиронро ихроҷ мекунанд, ба ҷойи Тоҷикистон Узбакистон менависанд.
Дар Русия, бино ба оморҳо, беш аз 10 миллион муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.