Декабр 30, 2022 18:25 Asia/Dushanbe
  • Парвози ҳавопаймои ширкати “Jazeera Airways” ба Душанбе
    Парвози ҳавопаймои ширкати “Jazeera Airways” ба Душанбе

Аввалин парвоз байни Душанбеву Кувайт анҷом шуд.

29 декабр аввалин парвоз дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт анҷом шуд.

Ин парвозро ширкати ҳавопаймоии “Jazeera Airways” анҷом дод.

Ҳавопаймо соати 17: 42 ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба замин нишаст ва пас аз 1 соату 30 дақиқа ба Кувайт бозгашт.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Кувайт дар 31 марти 1995 барқарор шудааст.

Ин кишвари арабӣ яке аз шуракои муҳими Тоҷикистон дар заминаи тавсеа аст.

 

Барчасп