Рушди 83 дарсадии аҳолии Тоҷикистон дар 30 соли ахир
Теъдоди кулли ҷамъият(аҳоли)и Тоҷикистон таи 30 соли гузашта аз 5 миллиону 360 ҳазор нафар дар поёни соли 1991 ба беш аз 9 миллион нафар дар авоили соли 2022 афзоиш ёфтааст . Кумитаи омори Тоҷикистон аз рушди тақрибан 83 дарсадии ҷамъияти ин кишвар дар 30 соли гузашта хабар дод .
Бар асоси гузориши Кумитаи омори Тоҷикистон бо номи « Аҳолии Тоҷикистон дар аввали январи соли 2022 », теъдоди кулли ҷамъияти ин кишвар таи 30 соли гузашта тақрибан 83 дарсад афзоаш ёфтааст .
Барои муқоиса ҷамъияти ҷаҳон таи ин давра 47 дарсад афзоиш ёфта, аз 5 миллиарду 414 миллион нафар дар поёни соли 1991 ба 7 миллиарду 948 миллион нафар дар ибтидои соли 2022 расид . Мутавассити рушди солонаи ҷамъияти Тоҷикистон аз соли 1991 милодӣ то ибтидои соли 2022 милодӣ 2.7 дарсад буд, дар ҳоле ки ҷамъияти ҷаҳон ба таври куллӣ ба таври мутавассит 1.5 дарсад афзоиш ёфтааст .
Дар ин давра теъдоди ҷамъияти Душанбе 2 баробар ( аз 584 ҳазор ба 1 миллиону 202 ҳазор нафар ), вилояти Хатлон 94.3 дарсад ( аз 1 миллиону 817 ҳазор нафар ба 3 миллиону 530 ҳазор ), вилояти Суғд 73 дарсад ( аз 1 миллиону 634 ҳазор ба 2 миллиону 824 ҳазор нафар ), навоҳии тобеъи марказ 81 дарсад ( аз 1 миллиону 158 ҳазор ба 2 миллиону 101 ҳазор ), вилояти Бадахшон 36 дарсад ( аз 169 ҳазор ба 230 ҳазор нафар ) расидааст .
Бо ин ҳол ҷамъияти вилояти Бадахшон дар солҳои 2004 - 2005 аз 209.5 ҳазор нафар ба 203. 1 ҳазор нафар коҳиш ёфта буд .