Тоҷикистон дар соле ки гузашт
(last modified Mon, 02 Jan 2023 16:27:48 GMT )
Январ 02, 2023 21:27 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар соле ки гузашт
    Тоҷикистон дар соле ки гузашт

Дар соли гузаштаи мелоди дар Тоҷикистон руйдодҳои мухталиф сурат гирифт, ки даргирии мусалаҳона бо Қирғизистон, боздошти теъдоди аз рузноманигорон ва ифтитоҳи муассисаҳои омузишии русӣ дар бархе шаҳрҳои ин кишвар аз он ҷумла аст.

Даргирии мусалаҳонаи марзи бо Қирғизистон боздошт ва зиндони шудани бархе рузноманигорон, ифтитоҳи муассисаҳои омузишии русӣ, эъломи соли 2025 ба унвони соли байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табиъӣ ба пешниҳоди Душанбе аз ҷумла муҳимтарин руйдоди соли гузаштаи мелодӣ дар Тоҷикистон буданд.

Эъзоми неруҳои ҳифозати сулҳи тоҷик ба Қазоқистон

7 январ дар ҷаласаи муштараки парлумони Тоҷикистон мавзуъи истифода аз неруҳои мусаллаҳ дар хориҷ аз кишвар барои анҷоми таъаҳудоти байналмилалии Тоҷикистон барраси ва тасвиб шуд.

Даргири мусалаҳона дар марзи бо Қирғизстон

Дар 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии мусалаҳона сурат гирифт, ки ҳарду тараф якдигарро дар шуруъи он мутаҳам карданд.

Ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Узбакистон барои тасбити вазъият дар Қарақолбоқистон

Дар 5 июл раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои узбаки худ аз иқдомоти вай барои тасбити вазъият дар Ҷумҳурии худмухтори Қарақолпоқистон ҳимоят кард.

Эътирози густарда дар вилояти мухтори куҳисони Бадахшон

Дар 14 май дар шаҳри Хоруғ маркзаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо мушорикати мардум тазоҳуроти эътирози шуруъ шуд, муътаризон дар ҷараёни он хостори таҳақуқи кушта шудани 3 нафар аз сокинони маҳалли дар ноябри соли 2021 ва ҳамчунин аз байн бурдани постгоҳҳои низоми дар ин вилоят шуданд.

Густардатарин даргирии марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дар 14-17 сентябр дар остонаи нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Узбакистон даргирии марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифт.

Тайи ин давра нархи билети ҳавопаймо аз Русия ба кишварҳои ҳамсоя чандбаробар болол рафт ва дар гузаргоҳи марзи сафҳои тулонӣ аз мардони сини хизмати сарбози шакл гирифт.

Норизоятии Тоҷикистон аз сиёсати Русия нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

Эмомалӣ Рамҳон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ, ки дар 14 октиябр ба мизбонии Қазоқистон баргузор шуд аз Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия хост дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сиёсати монанди давраи Шуравӣ истифода накунад.

Ифтитоҳи 5 муассисаи омузиши русӣ дар Тоҷикистон

Дар аввали сентябри соли 2022 раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия ба сурати маҷозӣ 5 муассисаи омузиши русизабон дар шаҳрҳои Душанбе, Кулоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон ифтитоҳ карданд.

Мизбони аз шонздаҳумин даври бозиҳои делфи ҷавонони ИДМ

Дар рузҳои 16-18 октиябр ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шонздаҳумин даври бозиҳои делфи ҷавонони ИДМ баргузор шуд.

Тасвиби қатънома соли 2025 ба унвони соли байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табиъӣ

Дар таърихи 14 декбар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи пешниҳоди аз суи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эъломи соли 2025 ба унвони соли байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳоро ба тасвиб расонд.

Зиндони шудани теъдоди аз рузноманигорон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дар соли 2022 теъдоди аз рузноманигорони фаъол ва собиқи ин кишвар роҳии зиндон шуданд.