Январ 04, 2023 20:46 Asia/Dushanbe
  • Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо Виктор Хренин, вазири дифои Беларус дидор кард
    Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо Виктор Хренин, вазири дифои Беларус дидор кард

Вазирони дифои Тоҷикистону Беларус тарҳи ҳамкории низомӣ барои соли 2023 - ро имзо карданд.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Минск - пойтахти Беларус сафар кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз «Ховар», сафари вазири дифои Тоҷикистон дар рӯзҳои 3 то 4 январ идома ёфт ва дар ҷараёни он Шералӣ Мирзо бо Виктор Хренин, вазири дифои Беларус дидор кард.

Дар ин дидор тарафайн тарҳи ҳамкории низомӣ барои соли 2023-ро имзо карданд.

Ин дар ҳолест, ки дар октябри 2022 Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус дар як сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карду зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

 

Барчасп