Июл 28, 2016 19:54 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи омор: Иқтисоди Тоҷикистон рушди мусбат доштааст

Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз таъсироти буҳрони молии ҷаҳонӣ иқтисоди ин кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ рушди мусбат доштааст.

Гулнора Ҳасанзода, раиси Кумитаи омори Тоҷикистон тайи як нишасти хабарӣ бо баёни ин матлаб афзуд, иқтисоди ин кишвар дар ин давра 6,6 дарсад рушд дошта, сатҳи таваррум 3,1 дарсадро ташкил додааст.

Бар асоси иттилои Кумитаи омор, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нархи бархе маҳсулоти ғизоӣ боло рафтааст. Ба гуфтаи хонум Ҳасанзода, дар ин муддат қимати нахуд 53, шакар 20, чойи сабз 19, равған 10 ва сабзӣ ҳудуди 2 дарсад афзоиш ёфта, вале дар қиболи ин нархи бархе меваву сабзавот арзонтар шудааст.

Раиси Кумитаи омори Тоҷикистон  дар ин нишаст ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар кишвар омодагӣ барои шумурдани ҷамъият ва фонди манзил соли 2020 оғоз шуда, дар ин робита лоиҳаи ҳукумат мутобиқ бо тавсияи созмонҳои байналмилалӣ таҳия ва барои баррасӣ ба вазорату идораҳо ирсол шудааст.

Охирин шумориши аҳолӣ дар Тоҷикистон соли 2010 сурат гирифта буд, ки дар он замон ҷамъияти Тоҷикистон беш аз 7 млн. нафар гуфта мешуд.