Каримҷон Ёров "Лайф"-ро ба додгоҳ мекашад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i9661-Каримҷон_Ёров_Лайф_ро_ба_додгоҳ_мекашад
Раиси созмони "Этмос", як созмони дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирин дар Маскав эълом кард, ки тасмим дорад, телевизиони "Лайф"-и Русияро ба додгоҳ бикашад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 13, 2016 15:13 Asia/Dushanbe
  • Каримҷон Ёров

Раиси созмони "Этмос", як созмони дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирин дар Маскав эълом кард, ки тасмим дорад, телевизиони "Лайф"-и Русияро ба додгоҳ бикашад.

Ба гузориши хабаргузории "Озодагон", Каримҷон Ёров, раиси созмони "Этмос" гуфтааст, эҳтимол дорад, шабакаи телевизиони  "Лайф"-ро барои таҳрифи воқеияти талошҳои ӯ барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирин ба додгоҳ бикашад. 

Шабакаи телевизионии  "Лайф" 11 декабр бо пахши гузорише иддао кард, Каримҷон Ёров, як тоҷики муқими Маскав бо матраҳ кардани суолҳо аз пулиси метрои Маскав ба кори пулис назорат мебарад.

Каримҷон Ёров ба радди ин изҳороти шабакаи "Лайф" гуфтааст, ки ӯ ҳангоми истифода аз метро дар Маскав бо боздошти ғайриқонунии муҳоҷирон ва нақзи ҳуқуқи онҳо аз ҷониби пулис рӯ ба рӯ шуда, бо ин гуна рафтори пулис бархӯрд мекунад. Ӯ таъкид кард, баъд аз машварат бо вакили дифои худ дар робита ба бурдани шикоят ба додгоҳ аз ин шабакаи телевизионӣ тасмими ниҳоияшро хоҳад гирифт.