Тавсеаи равобит меҳвари ройзании мақомоти аршади Узбекистону Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Узбекистон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар гуфтугуи телефонӣ, чигунагӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, мушорикати роҳбурдӣ ва ҳампаймониро баррасӣ карданд.
Бахтиёр Саидов, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Узбекистон ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар гуфтугуи телефонӣ, чигунагӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳампаймониро баррасӣ карданд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин гуфтугуи телефонӣ интисоби Саидов ба унвони сарпарасти вазорати хориҷаи Узбекистонро табрик гуфту орзӯи муваффақият кард.
Дар ин тамоси телефонӣ дар мавриди раванди иҷрои тавофуқоти ба дасти омада дар байни раисони ҷумҳурии ду кишвар табодули назар шуд.
Тарафайн бар омодагии Узбекистону Тоҷикистон барои тадовуми гуфтугуҳои сиёсии фаъол дар қолаби дуҷониба ва ҳимояти мутақобил дар чорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид карданд.
Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҳамкорони бозаргонии Узбекистон аст. Арзиши мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2021 ҳудуди 400 миллиондоллар буд.