Тавсеаи равобит-меҳвари ройзании мақомоти баландпояи Узбекистону Тоҷикистон
(last modified Thu, 12 Jan 2023 15:07:22 GMT )
Январ 12, 2023 20:07 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобит-меҳвари ройзании мақомоти баландпояи Узбекистону Тоҷикистон

Сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Узбекистон ва вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар гуфтугуи телефонӣ чигунагӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймониро баррасӣ карданд .

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Тошканд, Бахтиёр Саидов-сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Узбекистон ва Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар гуфтугуи телефонӣ чигунагӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймониро баррасӣ карданд.
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар ин гуфтугуи телефонӣ интисоби Саидов ба унвони сарпарасти Вазорати хориҷаи Узбекистонро табрик гуфт ва орзӯи муваффақият кард .
Дар ин тамоси телефонӣ дар мавриди раванди иҷрои тавофуқоти ба даст омада дар байни раисони ҷумҳӯри ду кишвар табодули назар шуд .
Тарафҳо бар омодагии Узбекистону Тоҷикистон барои тадовуми гуфтугуҳои сиёсии фаъол дар қолаби дуҷонибаву ҳимояти мутақобил дар чорчӯби ниҳодҳои байналмиллалӣ таъкид карданд.
Ҳамчунин барномаву абъоди мухталифи маросимҳои барномарезишуда дар сутӯҳи олӣ ва боло баррасӣ шуд .
Ин гуфтугуи телефонии вазирони хориҷаи Узбекистону Тоҷикистон дар фазойи гарму дӯстона анҷом шуд .
Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҳамкорони бозаргонии Узбекистон аст. Мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2021 дар сатҳи беш аз 400 миллион доллар қарор гирифтааст. Ҳамакнун дар Узбекистон 24 ширкат бо сармояи сармоягузорони Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон низ 9 ширкат бо сармояи сармоягузорони Узбекистон фаъолият мекунанд .
Тоҷикистон истиқлоли Узбекистонро дар таърихи 6 январи соли 1992 ба расмият шинохт ва дар таърихи 20 октябри соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор кардааст .