Январ 16, 2023 11:05 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон қимати гази табии, ки яке аз аслитарин анвоъи сӯхт ба шумор меравад
    Дар Тоҷикистон қимати гази табии, ки яке аз аслитарин анвоъи сӯхт ба шумор меравад

Қимати гази табии дар Тоҷикистон тақрибан 50 дарсад коҳиш ёфт.

Дар Тоҷикистон қимати гази табии, ки яке аз аслитарин анвоъи сӯхт ба шумор меравад, ҳамчунон дар ҳшли коҳиш аст.

Ба гузориши Ховар, метавон гази табии мойеъро дар Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ҳар летр ба қимати 3.8 сомонӣ харидорӣ кард.

Ин дар ҳоле аст, ки соли пеш як летри ин навъ сӯхт 8.7 сомонӣ харидорӣ мешуд. Масрафит сӯхти худравҳо ба далели сармои шаддид ва яхбандон дар ҷоддаҳо афзоиш ёфтааст. Воридоти бештари ин навъ сӯхт қатъан ба коҳиши қимат кумак кардааст.

Бояд гуфт дар Тоҷикистон тақозо барои гази мойеъ беш аз ҳар сӯхти дигаре аст. Тақози рӯзонаи Тоҷикистон барои гази мойеъ 1.1 ҳазор тон аст.

Беш аз 60 дарсади  худравҳои кишвар газсуз ҳастанд, бинобарин афзоиши қимат, билофосила бозорро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Гази мойеъ умдатан аз Қазоқистон, Русия, Туркманистон ва Узбакистон вориди Тоҷикистон мешавад..

Барчасп