Барои нахустинбор истеҳсоли биогаз дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 09 Jun 2024 08:04:15 GMT )
Июн 09, 2024 13:04 Asia/Dushanbe
  • Барои нахустинбор истеҳсоли биогаз дар Тоҷикистон
    Барои нахустинбор истеҳсоли биогаз дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бори нахуст аз ҷониби сокини деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Шавкат Собитов биогаз истеҳсол карда шуд.

Гуфта шуд, ки Шавкат Собитов аввалин нафаре аст, ки аз Тоҷикистон истеҳсоли гази табиӣ аз поруи чорворо таҷриба намуд. Номбурда дар гузашта барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгори худ асосан ҳезум, ангишт ва дигар намуди маводи сӯхт мехарид. Дар ин хонавода ҳоло бо истеҳсоли гази табиӣ кулли хароҷот барои хариди дигар навъи сӯзишворӣ аз байн рафт.

Дар инҷо гази табиӣ тариқи таҷҳизоти биореактор истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизот поруи бо об омехтаро коркард намуда, биогаз ва бионурӣ истеҳсол мекунад. Биогазро барои пухтани хӯрок ё гарм кардани об истифода бурдан мумкин аст, дар натиҷаи амалӣ намудани ин таҷриба бионурӣ низ истеҳсол мешавад, ки ҳосилхезии заминро беҳтар менамояд.

Зимни ба кор даровардани аввалин дастгоҳи истеҳсоли биогаз дар деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шарикони рушд иштирок намуда, иброз доштанд, ки бо кумаки ин технология хонаводаҳои деҳот ва хоҷагиҳои чорвопарварӣ бар ивази сӯхтани пору акнун метавонанд ҳам дорои манбаи энергияи тоза барои хӯрокпазӣ ва гармкунии хонаҳо шаванд ва ҳам барои баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳояшон бионурӣ истеҳсол кунанд. Технологияи биореакории истеҳсоли биогаз дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ маротибаи аввал дар Тоҷикистон истифода шуд.