Бонки Тавсеаи Осиё: Тоҷикистон яке аз тавлидкунандагони поктарин барқ дар ҷаҳон аст
Банки тавсеаи Осиё зимни интишори гузориши ҷадиди худ аз бахши энержии Тоҷикистон ба унвони яке аз поктарин бахшҳо аз назари интишори газҳои гулхонаӣ ном бурд.
Ба гузориши Форс, Бонки Тавсеаи Осиё гузориши ҷадиде дар мавриди чашмандози тавсеаи энержӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Муғулистон, Покистон ва Чин мунташир кард.
Дар ин гузориш аз бахши энержии Тоҷикистон ба унвони яке аз поктарин манотиқ аз назари интишори газҳои гулхонаӣ дар саросари ҷаҳон ном бурда шудааст.
Нависандагони ин гузориш хотирнишон мекунанд, ки нерӯгоҳҳои обӣ сутӯни фақароти системаи энержии Тоҷикистон башумор мераванд, ки тақрибан 93 дарсад аз тавлиди барқу ҳудӯди 90 дарсад зарфияти насб шударо ташкил медиҳад. Ин вобастагӣ ба нерӯгоҳҳои обӣ бо далели шароити ҷуғрофиёии ин кишвару дастрасии болои он ба манобеи обӣ, муртабит аст.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба суръати тавлиди ангиштсанг дохилиро афзоиш ва ба 1.7 миллион тон дар сол дар соли 2017 расондааст, ки тақрибан 10 баробари бештар аз соли 2010 аст.
Дар ин гузориш ҳамчунин ба тавлиди ночизи тавлиди дохилии нафту гази табиӣ ба далели захоири ночизи он дар хоки ин кишвар ишора шудааст.
Ба навиштаи коршиносони ин бонк, маҷмӯи зарфияти тавлиди барқи насб шуда дар ин кишвар беш аз 6 киловат аст ва тавлиди барқ аз ангиштсанг бо зарфияти ҳудӯди 0.7 киловат мунҳасиран дар давраи тирамоҳ ва зимистон сӯрат мегирад.
Мутахассисони бонки мазкӯр интизор доранд, ки тақозои ниҳоии энержии Тоҷикистон дар соли 2030 бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми сармоягузорӣ аз 3.5 миллион тони кунӯнӣ ба 4.1 миллион тон муодили нафтӣ, мерасад.