Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Непал
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i96886-Паёми_таслияти_Эмомалӣ_Раҳмон_ба_раисиҷумҳури_Непал
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон ба раисиҷумҳурии Федеративии Демократии Непал муҳтарам Бидхя Деви Бхандари паёми таслият ирсол намуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Январ 16, 2023 17:44 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Непал

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон ба раисиҷумҳурии Федеративии Демократии Непал муҳтарам Бидхя Деви Бхандари паёми таслият ирсол намуд.

Дар  ин паём омадааст: 

«Хонуми Олиҷоҳ,

Хабари талафоти зиёди ҷонӣ бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Непал боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба пайомадҳои вазнини ин фоҷеаи фалокатбор ба Шумо ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоям».