Январ 17, 2023 17:30 Asia/Dushanbe
  • Сохти корхонаи парвариши мурғ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар ояндаи наздик
    Сохти корхонаи парвариши мурғ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар ояндаи наздик

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд корхонаи мурғдори ва марказҳои омузишӣ ва беҳдоштӣ сохта мешавад ва сохтусози ин тарҳҳо идома дорад.

Ба манзури таъмини мардум бо маҳсулоти бокайфият як корхонаи парвариши мурғ дар ноҳияи Ашт эҷод шуд ва бештари корҳо анҷом шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, корхонаи мурғпарвари барои 48 ҳазор паранда дар назар гирифта шуда аст, ки дар он ҷуҷаҳо барои тавлиди гушт парвариш мешавад.

Дар марҳалаи дувум теъдоди парандагон ба 96 ҳазор афзоиш меёбад ба маҳзи роҳандозии корхонаи мурғпарвари гушти мурғи вилоят ба таври комил таъмин мешавад ва заминаи кори доимии сокинони вилоят фароҳам мешавад. Дар ин раванд масъулон талош доранд то дар ҳамон маҳала як говдории бузург роҳандози кунанд ҳамакнун заминаи барои ин амр вуҷуд дорад ва дар марҳалаи аввал то 350 гови сиёҳ ва сафед ворид мешавад, ки 70 гови ширдеҳ аст.

Ҳамчунин сохти тавалудхона дар заминаи бахши ҷароҳии рақами 2 ноҳия Ашт дар ҳоли анҷом аст ин бино дар ду табақа дорои 20 тахт буда ва ба аҳолии паҷн маҳали ноҳия хидматрасони мекунад.

Бахши сохту сози бинои омузишгоҳи миёнаи шумораи 25 дар ноҳия Ашт дар ҳоли анҷом аст ин муассиса бо ҳимояти давлат барои 1200 донишомуз сохта мешавад.

 

Барчасп