Январ 17, 2023 21:24 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмии Эрон ва Тоҷикистон ташкил мешавад
    Кумитаи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмии Эрон ва Тоҷикистон ташкил мешавад

Қоимақоми вазири улуму таҳқиқот ва фановарии Эрон дар умури байналмилали ва раиси академияи улуми Тоҷикистон бар густариш ва таҳкими муносибатҳои илмӣ ба вижа ҳамкори аъзои ҳайати илмӣ ва пажуҳишгарони ду кишвар дар тарҳҳои муштарак таъкид карданд.

Ваҳиди Ҳадодиасл қоимақоми вазири улуму таҳқиқот ва фановарии Эрон дар умури байналмилали ва Фарҳоди Раҳим, раиси академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи сешанбе дар Теҳрон дидору гуфтугу карданд.

Дар ин дидор, ки Низомиддин Зоҳиди, сафири Тоҷикистон дар Эрон низ ҳузур дошт тарафайн бар рушди ҳамкориҳои илмӣ ва фановари таъкид карданд ва муқарар шуд кумитаи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ ба зуди ташкил шавад.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Ваҳиди Ҳадодиасл қоимақоми вазири улуму таҳқиқо ва фановарии Эрон дар умури байналмилали дин ва забони муштарак ва наздикии ҷуғрофияро аз омилҳое донистанд, ки метавон дар густариш бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон муассир бошад ва гузаштаи равобити ду кишвар низ ҳамкори ва дусти буда аст.

Раиси академияи улуми Тоҷикисон низ ба алоқамандии кишвараш барои ҳамкори бо Эрон ишора карду гуфт: Бо табодули тастовардҳои илмии ду кишвар метавон ба рушди ду кишвар кумак кард.  

 

Барчасп