Афзоиши 3 баробарии сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 18 Jan 2023 14:41:39 GMT )
Январ 18, 2023 19:41 Asia/Dushanbe
  • Аз Узбакистон 778 ҳазор нафар ва Русия 280 ҳазор нафар гардишгар ба Тоҷикистон сафар кардаанд
    Аз Узбакистон 778 ҳазор нафар ва Русия 280 ҳазор нафар гардишгар ба Тоҷикистон сафар кардаанд

Агентии омори Тоҷикистон аз боздиди ҳудуди як миллион гардишгари хориҷӣ аз ин кишвар дар соли 2022 мелодӣ хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, ин теъдод нисбати соли 2021 мелодӣ 3. 4 баробар бештар аст.

Дар ду соли гузашта ба далели маҳдудиятҳои ҷаҳонии марбут ба ҳамагирии корона, теъдоди туристҳо аз ҳудуди 1. 3 миллион нафар дар соли 2019 то 296 ҳазор нафар дар соли 2021 коҳиш ёфт.

Дар маҷмуъ теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар як соли гузаштаи мелодӣ ба ҳар далеле (сафари тиҷорӣ, тафреҳӣ ва . . .) вориди Тоҷикистон шудаанд, ҳудуди 1. 2 миллион нафар будааст, ки нисбат ба соли қабл 2. 2 баробар бештар шудааст.

Ҳудуди 97 дарсади гардишгарони хориҷӣ, ки тайи ин муддат аз Тоҷикистон боздид кардаанд, аз Узбакистон 778 ҳазор нафар ва Русия 280 ҳазор нафар будаанд.

Бар асоси гузориши Агентии омор, тайи ин муддат 235 ширкати гардишгарӣ дар Тоҷикистон фаъолият доштанд.