Густариши пружаҳои муштараки илмии миёни Эрону Тоҷикистон
(last modified Sat, 21 Jan 2023 10:14:47 GMT )
Январ 21, 2023 15:14 Asia/Dushanbe
  • Густариши пружаҳои муштараки илмии миёни Эрону Тоҷикистон

Раиси Маркази таъомулоти байналмиллалии илму фанноварии муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсати ҷумҳурӣ ва сафир ва раиси Академияи улӯми Тоҷикистон бо якдигар дидор ва барои тавсеаи равобити илмӣ ва фановаронаи миёни ду кишвар музокира карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайате муташаккил аз сафири Тоҷикистон дар Эрон, мудири умӯри байналмиллалии Академияи улӯми Тоҷикистон ва коршиносони ҳавзаи илму фанноварии ин кишвар бо ҳузур дар Хонаи навоварӣ ва фанноварии Эрон дар Теҳрон ( iHIT ), зимни боздид аз намоишгоҳи доимии маҳсӯлоти Эрон,  сохту ошноӣ бо тавонмандиҳои фановаронаи Эрон бо Амирҳусайни Мирободӣ-раиси Маркази таъомулоти байналмиллалии илму фанноварии муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсати ҷумҳурӣ дидору гуфтугӯ карданд .
Дар ин дидор, Мирободӣ бо таъкид бар зарурати таърифу густариши пружаҳои муштараки илмӣ ва фанноварии миёни Эрон ва Тоҷикистон гуфт : Яке аз фурсатҳои вижа дар ин замина фароҳам кардани заминаи ҳамкории мутахассисону пажӯҳишгарони ду кишвар аст, ки талош мекунем ин иттифоқ бо имзои тафоҳумномаи расмӣ бо Академияи улӯми Тоҷикистон шитоб гирад .
Вай афзуд : Фарҳангу забони муштарак- омили аслии шаклгирӣ ва пойдории равобити миёни ду кишвар аст . Пас бояд талош кунем бо шинохти дуруст аз ниёзҳои фановаронаи ду тараф таърифи пружаҳои муштараки илмӣ ва фанноварии низомманди миёни ду кишварро оғоз кунем .
Мирободӣ идома дод : Бо тавваҷуҳ ба вуҷуди иртибототи расмии Эрон бо Академияи улуми кишварҳои мухталиф пешниҳод мекунем тафоҳумномаи расмӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон имзо ва пружаҳое барои ҳамкории муштарак дар заминаи омӯзиш, интиқоли дониши мудирияти фанноварӣ ва дигар ҳавзаҳои муштараки ду тараф таъриф ва иҷроӣ шавад .
Дар идомаи ин сафар раиси Академияи улуми Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳи эшон бо Рӯҳуллоҳи Деҳқонӣ-муовини илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раиси ҷумҳурӣ низ дидор ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Эрону Тоҷикистон таъкид карданд .