Декабр 14, 2016 11:46 Asia/Dushanbe
  • 17 сол зиндон барои як шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷазби афрод ба ДИИШ

​​​​​​​Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ахиран як сокини ноҳияи Ваҳдат дар ҳумаи пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми кумаки молӣ ва ҷазби афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 17 сол зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои сайти хабаргузории русии РИА Новости, Олим Давлатов ба иттиҳоми ҷазби 4 нафар ба узвияти гурӯҳи террористии ДИИШ ва таъмини ҳазинаи билети ҳавопаймо барои рафтани ин афрод ба Туркия ва Сурия, давраи маҳкумияти 17 солаи худро дар зиндони дорои низомаш шадид сипарӣ хоҳад кард .

Намояндаи додгоҳ ба хабаргузории русии РИА Новости гуфтааст, ки ин 4 нафар узви як хонавода ҳастанд, ки шомили падар ва фарзандони вай мешаванд .

Тибқи ин гузориш, акнун ин 4 нафар дар Сурия дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳоли ҷанг бо артиши ин кишвар ҳастанд .

Мақомоти амниятии Тоҷикистон Олим Давлатовро дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба иттиҳоми ҷазби афрод ба гурӯҳи ДИИШ боздошт карда буданд .

Бино бар эъломи мақомоти амниятии Тоҷикистон, ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки аз ин теъдод 300 тан дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд .