Ҳузури Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Созмони Ҳамкории Шанхай
Филмҳои тоҷикӣ ба Ҷашнвораи байналмилалии филми Созмони Ҳамкории Шанхай ирсол шуд.
Филмҳои тоҷикистонии “Дов”, “Роҳ” ва “Охирин сайди сайёд” дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ирсол шуданд.
Ҷашнвораи байналмилалии филми кишварҳои узви СҲШ аз 27 то 31 январ дар шаҳри Бомбейи Ҳиндустон баргузор мешавад.
Дар ҷашнвора филмҳои “Дов” ба коргардонии Муҳиддини Музаффар, “Охирин сайди сайёд” ба коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоил ва “Роҳ” ба коргардонии Носир Саидов ба намоиш дармеоянд.
Муҳаммадсаиди Шоҳиён, раиси муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” намояндаи Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии филми кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аст ва ба унвони довар дар он ширкат мекунад.