Баррасии масоъили тиҷорӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Қазоқистон
Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон дар дидор бо раиси шаҳри Остона баргузории ҳамоиши тиҷории дукишварро мавриди баҳс ва барраси қарор доданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Хайруллоҳ Ибодзода сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон дар дидор бо Қосимбек Женисов раиси шаҳри Остона, густариши равобит аз ҷумла дар заминаҳои тиҷорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, баргузории соири рӯйдодҳо дар Остона сиюмин солгарди барқарории равобити дипламатик байни дукишварро барраси карданд.
Вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон ахиран барномаи рӯйдодҳои муштарак ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипламатик байни дукишварро имзо карданд.
Равобитии дипламатик байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар таърихи 7-уми январи 1993 барқарор шудааст. Тоҷикистон ва Қазоқистон дукишвари Осиёи Марказӣ ва шуракои стратежикӣ ҳастанд.