Барқарории саввумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Wed, 01 Feb 2023 08:34:00 GMT )
Феврал 01, 2023 13:34 Asia/Dushanbe
  • Барқарории саввумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон
    Барқарории саввумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон

Саввумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон сешанбе бо парвози ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе анҷом шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммаднақи Собирӣ сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо эъломи ин маталат дар саҳифаи худ дар Инстаграм навишт, ки бо пайгириҳои анҷом шуда ва мувофиқати Созмони ҳавопаймоии Эрон ва Тоҷикистон, саввумин парвози мустақи ба манзури рифои ҳоли шаҳрвандони ду кишвари ҳамфарҳшангу  ҳамзабон ва тасҳили сафари гардишгарон анҷом мешавад.

Ба гуфтаи сафири Эрон дар Тоҷикистон, бар асоси ин барномаи эълом шуда аз сӯйи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", ин парвоз аз 21-уми баҳман (10 феврал) ба сурати ҳафтаи як бор ва дар рӯзҳои ҷумъаи ҳар ҳафта  дар соати 14:30 аз фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе ба фурудгоҳи байналмиллалии Имом Хумайни (р) Теҳрон ва баргашти он ба Тоҷикистон дар соати 17: 20 ҳамон рӯз хоҳад буд.

Собирӣ ҳамчунин афзӯд: Бо пайгириҳои анҷвом шуда аз соли 1398 ду парвози мустақим тавассутии ширкати ҳавопаймоии Вориш дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон дар рӯзҳои якшанбе ва дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад дар рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта бар қарор шудааст ва қабл аз барқарории ин парвозҳоии мустақим, шаҳрвандони азизи ду кишвар ногузир буданд аз масири ғайри  мустақим ва аз тариқи кишварҳои солис мусофират намоянд, ки бар афзоиши ҳазинаи сафар, сабаби тӯлони шудани замони сафар низ мешуд.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо таваҷӯҳ ба тавсиаи равобити тарафайн, имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкори дар ҳавзаи гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон ва бо баҳрагирии бештар аз зарфияти ширкати ҳавопаймои эронӣ ва тоҷикистонӣ умедворем ба ёрии Худованди Муттаъол парвозҳои мустақим байни ду кишвар дар оянда боз ҳам афзоиш ёбад.