Феврал 05, 2023 10:23 Asia/Dushanbe
  • Раиси идораи мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон афзоиш ёфта аст.
    Раиси идораи мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон афзоиш ёфта аст.

Раиси идораи мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегуяд пас аз ба қудрат расидани Толибон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон афзиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳабибулло Ваҳидзода гуфт: Дар соли 2021 ҳудуди 4 тоннаву 83 килограм ва дар соли 2022 ҳудуди 4 тоннави 165 килограм маводи мухаддир кашфу забт карданд.

Ин мақоми Тоҷикистон афзуд бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон теъдоди қочоқчиёни маводи мухаддир, ки дар ду соли гузашта боздошт шуданд низ афзоишро низ нишон медиҳад.

Бар асоси изҳороти вай дар соли 2021 ҳашт шаҳрванди Афғонистон ба ҷумри қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон дастгир шуданд ва дар соли 2022 нуздаҳ нафар.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд бузургтарин маҳмулаи маводи мухаддири қочоқшуда ба Тоҷикистон аз Афғонистон аст.

Додситони кулли Тоҷикистон низ чанди пеш дар конфронси ҳамкориҳои байналмилали ва минтақаӣ барои мубориза бо терроризм гуфт, ки қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шуда аст.

Раҳмон Юусуф Аҳмадзода дар ин нишаст, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд афзуд: Қочоқи маводи мухаддир ҳимояти моли аз террористҳо аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд бо афзиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон кишварҳои минтақаӣ бояд ҳамкории худро густариш диҳанд.

Барчасп