Феврал 06, 2023 21:27 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Туркия
    Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Туркия

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Туркия паёми таслият ирсол намуданд.

Ҷаноби Олӣ хабари кушташудан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон, ҳамчунин хисороти азими моддӣ бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия боиси андўҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву таслияти самимии ҷониби моро ба шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.

Барчасп