Ташдиди муҷозот барои қочоқи коло дар Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноии ин кишвар муҷозоти афроди муттаҳам дар қочоқи коло ва маҳсулотро ташдид кард.
Ба гузориши сойти Озодагон, Ҳотам Назарзода, муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон ҳангоми ироаи тарҳи ислоҳи Кодекси ҷиноии ин кишвар ба Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки яке аз далоили афзоиши қочоқи коло ва маҳсулот дар ин ҷумҳурӣ, идомаи буҳрони иқтисодӣ мебошад.
Вай таъкид кардааст, ки бар асоси ислоҳияи ворида ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ин пас барои афроде, ки бори нахуст ба иттиҳоми қочоқи коло ва маҳсулот боздошт мешаванд, муҷозоти ҷаримаи сангини молӣ, эъмол хоҳад шуд. Аммо агар ин афрод барои бори дуввум ба иттиҳоми мушобеҳ боздошт шаванд ба таври қатъӣ алайҳи онон муҷозоти зиндон дар назар гирифта шудааст. Қаблан дар аксари маворид афроди муттаҳам ба қочоқи коло ва маҳсулот ҷаримаи молӣ мешуданд.
Муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки ба далели афзоиши мавориди қочоқи коло дар вилояти Суғд як гурӯҳи муташаккил аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва гумрукӣ ба ин минтақа эъзом шуданд, ки тайи 20 рӯзи ахир, 120 мавриди дастзадани афрод ба қочоқи колоро сабт кардаанд.
Аз ин афрод ба маблағи 1 миллиону 290 ҳазор сомонӣ амвол ва колои қочоқӣ кашфу забт шудааст. Бар ин асос, алайҳи 71 нафар парвандаи ҷиноӣ ташкил ва барои баррасӣ ба догоҳ ирсол шудааст.