Сафари раиси маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Тоҷикистон ба Қазоқистон
Феврал 08, 2023 19:07 Asia/Dushanbe
Раиси маҷлиси намояндагони маҷлиси олли Тоҷикистон ба Қазоқистон сафар кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба раёсати Муҳаммадтоҳир Зоикрзода, раиси маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Тоҷикистон барои ширкат дар аввалин ҳамоиши байналмилали парлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон сафар кард.
Ҳамоиш аз 9 то 10 феврал дар шаҳри Туркистон баргузор хоҳад шуд. Нақши маҷлис дар тақвияти ҳамкориҳои стратегии ҳамаҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзуъи ҳамоиш аст.
Дар аввалин ҳамоиш раисони парлумонҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат мекунад.
Барчасп