Феврал 11, 2023 16:23 Asia/Dushanbe
  • Маросими солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар Тоҷикистон +akc

Маросими гиромидошти 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон бо ҳузури ҷамъи зиёде аз мақомоти баландпояи сиёсӣ, порлумонӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва расонаии Тоҷикистон баргузор шуд.

Маросими Рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон ва гиромидошти 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ бо ҳузури вазири энержӣ ва захоири обӣ, муовини вазорати умури хориҷа ва мақомоти соири вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони порлумон,раисони аҳзоб, шахсиятҳои иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва расонаии Тоҷикистон ва ҳамчунин сафирону дипломатҳои муқими ин кишвар дар маҳали сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе  баргузор шуд.

Дар ибтидои ин маросим сурӯди миллии Эрону Тоҷикистон навохта шуд ва сипас Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон зимни хушомадгӯӣ ба меҳмонон, дар мавриди Инқилоби исломии Эрон ва дастовардҳои он дар заминаҳои мухталиф ва ҳамчунин равобити дуҷониба миёни ду кишвари дӯсту бародари Эрону Тоҷикистон ба суханронӣ пардохт.

Сафири Эрон изҳор дошт, 44 соли пеш дар чунин рӯзҳое яке аз мардумитарин инқилобҳои қарни бистум ба пирӯзӣ расид.

Собирӣ афзуд, мардуму давлати Эрон дар беш аз чаҳор даҳаи гузашта, ба рағми вуҷӯди тавтеаҳо ва мавонеъи эҷод шуда ва ҷанги таҳмилӣ ва таҳриму терроризми иқтисодӣ аз сӯи душманон дастовардҳои фаровони илмӣ, иқтисодӣ ва фанновариро ба даст овардаанд, ки ин пешрафтҳо дар арсаи худкафоӣ ва аз ҷумла маҳсӯлоти кишоварзӣ, тавлидоти саноатӣ, фанноварии Нано, энержии сулҳомези ҳастаӣ ва ғайра табалвур ёфта ва омору арқоми муассисоти муътабари байналмилалӣ ҳикоят аз пешрафту тавсеаи ҳамаҷонибаи Эрон ба хусӯс дар арсаи илмӣ ва фанноварӣ дорад.

Сафири Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ изҳор дошт, Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон, ки саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳо ва тавсеа ва шукӯфоии Тоҷикистон доштааст ва муфтахар аст, ки дар идомаи иқдомоти зербиноӣ, ширкатҳои эронӣ ҳамчунон дар тарҳҳои роҳбурдии Тоҷикистону минтақа мушорикати фаъол доранд.

Вай афзуд, дар муддати 31 сол, дар ҳудӯди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрону Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таърифу нақши таъйинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонӯнӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.

 

Барчасп