Феврал 12, 2023 14:04 Asia/Dushanbe
  • Пирузии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон дар баробари тими Эрон
    Пирузии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон дар баробари тими Эрон

Тими миллии футболи ҷавонони Тоҷикистон тими Эронро шикаст дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футболи зери 17 соли Тоҷикистон севумин бозии худро дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми решд 2023 дар Минск баргузор кард.

Тими ҷавонони Тоҷикистон дар даври поёнии марҳалаи гуруҳии мусобиқот дар чаҳоргонаи "B" бо натиҷаи 3 бар 1 аз сади тими миллии Эрон гузашт.

Ҳар се голи тими Тоҷикистонро Рабони Камолов ба самар расонд.

Пеш аз ин тими ҷавонони Тоҷикистон дар ду дидори ин мусобиқот дар Минск бо тимҳои Русия 1 бар 1 ва Белорус 2 бар 2 ба тасови расида буд.

Барчасп