Феврал 12, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • Баррасии чашмандози равобити дуҷониба дар дидори мақомоти Тоҷикистону Ҷумҳурии Озарбойҷон

Дар дидори сафири Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон вазъияти кунӯнӣ ва дурнамои тавсеаи равобит байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Рустам Солӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо  Халаф Халафов, муовини вазири умӯри хориҷаи ин кишвар дидору гуфту  кард.

Дар ин дидори масоили марбӯт ба вазъияти кунӯнӣ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ,  сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва транзит, ҳавонавардӣ, энержӣ, санъатӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Илова бар ин, ду тараф дар хусӯси ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон бо ҳадафи иҷрои пружаҳои муштарак дар ҳамаи заминаҳо, созмондиҳии сафарҳои мутақобил ва ҳамчунин тавсеаи механизмҳои ҷадиди таомул баҳсу табодули назар карданд.

 

Барчасп