Қасди Тоҷикистон барои ҷазби 1.5 миллион гардишгар
Тоҷикистон қасд дорад то 2 соли дигар беш аз 1.5 миллион гардишгар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳонро ҷазб кунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тоҷикистон қасд дорад то соли 2025 ҳудуди 1.5 миллион гардишгар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳонро ҷазб кунад .
Ба гуфтаи Камолиддин Муъминзода-раиси Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон барои дастёбӣ ба ин ҳадаф барномаҳои гуногуне шомили эҷоди зерсохтҳои гардишгарӣ, анвоъи гардишгарӣ ( аз ҷумла гардишгарии кишоварзӣ ) ва масирҳои ҷадиди гардишгарӣ дар дасти иҷро қарор дода шудааст.
Ин мақоми тоҷик гуфт, ки ҷиҳати муаррифии соҳаи гардишгарии Тоҷикистони таҳияи видиофилмҳои таблиғотӣ анҷом шуда ва музокироте низ барои филмбардории як видиоии 57 сонияӣ ва як мустанади 4 дақиқаӣ дар мавриди фурсатҳои гардишгарии Тоҷикистон дар ҷараён аст.
Бар асоси гузориши Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон дар соли гузашта 999.3 ҳазор нафар гардишгари хориҷӣ аз ин кишвар боздид карданд, ки бештарашон шаҳрвандони кишварҳои минтақа ва Шуравии собиқ ҳастанд.
Дар маҷмӯъ теъдоди кулли гардишгароне, ки таи 5 соли ахир аз Тоҷикистон боздид карданд, ба 3.9 миллион нафар мерасад.