Феврал 14, 2023 15:42 Asia/Dushanbe
  • Касби ду нишони тиллои куштигирони тоҷик дар мусобиқоти Узбекистон

Куштигирони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Узбекистон ду нишони тилло касб карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонарзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии куштии навҷавонони зери 15 сол муваффақ ба касби ду нишони тилло шуданд .
Мусобиқот дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд .
Дар рақобатҳо Манон Мурод дар вазни 44 килограм ва Амирҷон Убайдов дар вазни 52 килограм муваффақ ба касби нишони тилло шуданд .
Ҳамчунин Ғаниҷони Шероз дар вазни 68 килограм ва Боймуҳаммад Нортоҷов дар вазни 48 килограм мақомҳои сеюмро касб карданд