Тоҷикистон ба дунболи маҳдуд кардани қарзи хориҷӣ
Давлати Тоҷикистон дар талош аст аз қарзҳои бонкҳои аврупоӣ худдори ва ба муасисаҳои молии байналмилалӣ такия кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар аввали соли 2022 болиғ бар 3 миллиарду 243 миллион доллар буд ва имруз ин рақам бо коҳиши 0.47 дарсад 15.4 миллион доллари ба 3 миллиарду 228 миллион доллар расида аст.
Коҳиши қарзи хориҷии Тоҷикистон бо коҳиши қарзи мустақими хориҷии ин кишвар ва ҳамчунин бозпардохти ҷузи қарзи ба Сандуқи байналмилалии пул, Чин ва Бонки рушди исломӣ муртабит аст.
Ин гузориш афзуд: Бо вуҷуди пуёӣ мусбат вазъияти қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон душвор аст илова бар ин Душанбе талош барои рушди дохилии иқтисод аз тариқи қарзҳои хориҷиро идома медиҳад.
Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар ба Бонки содирот ва воридоти Чин қарздор аст ва наметавонад таъаҳудоти бархе ширкатҳои давлатиро анҷом диҳад.
Дар пасзаминаи қарзҳои боло Тоҷикистон дар талош аст то қарзҳои хориҷии худро маҳдуд кунад бар ҳамин манзур Файзиддин Қаҳорзода, вазири молияи ин кишвар ба тозаги гуфт: Тоҷикистон аз қарзи бонкҳои аврупоӣ барои такмили Роғун худдори мекунад.