Феврал 24, 2023 18:18 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон
    Музокироти Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

Музокироти Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар мавриди тавсеаи чорчӯби ҷомеи ҷадид барои тақвияти равобити дуҷониба дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, музокироти Тоҷикистон ва мақомоти аршади Иттиҳоди Аврупо дар заминаи тавофуқномаи густардаи мушорикату ҳамкорӣ бо тарафи тоҷик нуқтаи атфи муҳим дар равобит бо ин иттиҳодия мебошад.

Гуфта шуда, ки ҳадаф аз ин тавофуқнома густариши таомул дар заминаи сиёсат, тиҷорат, иқтисод ва ҳамчунин мудирият, ҳокимияти қонун ва ҳуқуқи башар аст.

Ин музокирот тавассути Лук Дуин, музокиракунандаи аршад, мудири Хадамоти равобити хориҷии Аврупо бо Русия, мушорикати шарқии Осиёи Марказӣ ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Шараф Шерализода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон оғоз шуд.

Тибқи ин гузориш, тавофуқномаи оянда ҷойгузини санаде хоҳад шуд, ки аз соли 2010 ба иҷро даромадааст. Дар ҷараёни оғози расмии музокирот тарафайн дар мавриди мароҳили баъдии раванди музокирот ба тавофуқ расиданд.

Ин гузориш афзуд, пешбинӣ мешавад, ки аввалин даври умумии музокирот дар хусуси баррасии пешниҳодоти мушаххас дар мавриди матни тавофуқнома баҳори соли ҷории мелодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

 

Барчасп