Феврал 25, 2023 16:08 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон : Пас аз зилзила ҳеҷ тағйире дар кули Сарез сабт нашуд

Дар зилзилаи 23 феврал дар Тоҷикистон ҳеҷ тағйире дар кули Сарез сабт нашудааст .

Ба гузориши имрӯзи хабаргузории давлатии Ховар, маркази ин зилзила дар 67 километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоб ва 30 километрии шарқи кули Сарез қарор дошт .
Шиддати ин заминларза дар марказ 6.8 дараҷа ва умқи он 20.5 километр буд. Шиддати ин заминларза дар шаҳристони Хоруғ 5 то 6 дараҷа ва дар Душанбе 2 то 3 дараҷа будаву талафоти ҷонӣ ва хисороти дигаре надоштааст .
Шаш пасларза низ пас аз аввалин заминларза сабт шуда, аммо конӯни тамомии ин заминларзаҳо дар кӯҳистонҳо, нуқоти холӣ аз аҳолӣ ва дур аз манотиқи маскунӣ ، будааст .
 

 

Барчасп