Феврал 25, 2023 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури доварзанонии Тоҷикистон дар мусобиқоти футболи ҷоми миллатҳои Осиё
    Ҳузури доварзанонии Тоҷикистон дар мусобиқоти футболи ҷоми миллатҳои Осиё

Доварзанони Тоҷикистон дар мусобиқоти футболи ҷоми миллатҳои Осиё 2024 ҳузур доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Нодира Мирзоева довари фифо ва Дилшода Раҳмонова кумакдовари фифо аз Тоҷикистон, ки дар феҳрасти баргузидагони доварони конфедератсияи футболи Осиё ҳастанд дар мусобиқоти марҳалаи муқадимотии ҷоми миллатҳои Осиё-2024 дар радаи синии духтарон низ 17 ва 20 сол довари мекунанд.

Доварони тоҷик дидорҳои марҳалаи муқадимотии ҷоми миллатҳои Осиё-2024 байни духтарони зери 20 соли гуруҳи "D"-ро ки аз 8 то 12 март дар шаҳри Уммони Урдун баргузор мешавад довари хоҳанд кард.

Сипас Нодира Мирзоева ва Дилшода Раҳмонова роҳи Сангопур хоҳанд шуд ва дар гуруҳи "D" аз 26 то 30 апрел дидорҳои марҳалаи аввали муқадимотии ҷоми милатҳои Осиё-2024 ро дар байни духтарони зери 17 сол довари мекунанд.

Дар ин гуруҳ тимҳои Бангладеш, Сангопур, Иморот ва Туркманистон ба масофи ҳам мераванд.

Барчасп