Кумаки 50 миллион долларии Бонки Ҷаҳони барои беҳбуди сифати омузиш дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 27 Feb 2023 15:00:15 GMT )
Феврал 27, 2023 20:00 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 50 миллион долларии Бонки Ҷаҳони барои беҳбуди сифати омузиш дар Тоҷикистон
    Кумаки 50 миллион долларии Бонки Ҷаҳони барои беҳбуди сифати омузиш дар Тоҷикистон

Шурои мудирони иҷроӣ Бонки Ҷаҳони санади кумаки 50 миллион доллари ба Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи беҳбуди сифати тадрис ва омузиш дар системаи омузиши миёнаи ин кишварро тасвиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, бар асоси ин санад Бонки Ҷаҳони барои иҷрои тарҳи дар заминаи беҳбуди сифати омузиши миёна аз анҷумани рушди байналмилали "увзи гуруҳи Бонки Ҷаҳони" ба Тоҷикистон кумаки ройгони 50 миллион доллари ироа медиҳад.

Дар баёнияи ин созмон дар ин хусус омада аст бо вуҷуди ин ки дастраси ба омузиши миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон болост ва пушиши он дар соли 2019 мелодӣ 96.6 дарсад буда аст, аммо сифати омузиш ҳамчунон поён аст.

Дар чорчуби ин тарҳ як системаи нави миллии тадрис ва омузиш, тадвин ва муъаррифи маблағи лозим барои бозсзи ва навсоии мактабҳо бо ҳадафи афзоши теъдоди синфҳои дарси, ифтитоҳи омузишгоҳҳои замонави, ироаи таҷҳизот ва густариши фурсатҳо барои мутолеъаи мавзуъот бо ҳадафи таъмини донишомузони Тоҷикистон бо маҳоратҳои замонави мавриди ниёз дар қарни 21 ироа мешавад.

Афзоиши зарфияти Тоҷикистон барои анҷоми арзёбиҳои миллӣ ва байналмилалии муҳим барои расади натоиҷи омузиши донишомузон ва дарёфти додаҳои қобили эътимод барои иттилорасонии сиёсатҳо ва тасмимгириҳо аз дигар мазоёи ин тарҳ башумор меравад.

Бонки Ҷаҳони дар ҳоли ҳозир 24 тарҳро дар Тоҷикистон ба арзиши 1.54 миллиар доллар сармоягузори карда аст.

Аз соли 1996 Бонки Ҷаҳони беш аз 2.72 миллиард доллар ба унвони кумакҳои ройгони анҷумани рушди байналмилалӣ қарзҳои имтиёзи ва сандуқҳои ҳадафманд ба Тоҷикистон пардохт карда аст.