Март 03, 2023 21:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистону Тотористон
    Ҳамкории Тоҷикистону Тотористон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси минтақаи Тотористони Русия дидору гуфтугӯ кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар кохи “Миллат” бо Рустам Минниханов, раиси минтақаи Тотористон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин гуфтугӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар аҳамияти тавсеаи муассири равобити байниминтақаӣ ба унвони бахши ҷудоинопазири мушорикати стратегӣ байни Тоҷикистону Русия таъкид кард.

Алоқа ба густариши фаъоли бештари равобит бо минтақаи Тотористон ба унвони яке аз манотиқи пешрафтаи иқтисодии Русия иброз шуд.

Тарафайн дар хусуси тавонмандии зиёди афзоиши равандҳои мутақобил ва ҳамчунин иҷрои муштараки пружаҳои сармоягузорӣ дар ин ҳавзаҳо табодули назар карданд.

 

Барчасп