Роҳёбии ҷудочии тоҷик ба даври ниҳоии мусобиқоти байналмилалии Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i99214-Роҳёбии_ҷудочии_тоҷик_ба_даври_ниҳоии_мусобиқоти_байналмилалии_Узбекистон
Ҷудочии тоҷикистонӣ ба даври ниҳоии мусобиқоти байналмилалии Узбекистон роҳ ёфт.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Март 04, 2023 20:07 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии ҷудочии тоҷик ба даври ниҳоии мусобиқоти байналмилалии Узбекистон

Ҷудочии тоҷикистонӣ ба даври ниҳоии мусобиқоти байналмилалии Узбекистон роҳ ёфт.

Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон мусобиқоти ҷаҳонии инфиродии “Tashkent Grand Slam 2023” оғоз шуд, ки дар он 13 варзишкори тоҷик ҳузур доранд.

Эмомалии Нуралӣ, ҷудочии тоҷикистонӣ дар аввалин рӯзи ин мусобиқот дар вазни 66 килограмм ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Нуралӣ, бо шикасти варзишкороне аз Туркманистон, Узбекистон ва Фаронса ба финал роҳ ёбад.

Ӯ дар мусобиқаи ниҳоӣ бояд ба масофи Сардор Нуриллаеви узбакистонӣ биравад.