Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i9931-Раиси_Ҳизби_коммунисти_Тоҷикистон_даргузашт
Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 17, 2016 16:31 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даргузашт

Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даргузашт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Исмоил Талбаков, ки панҷ моҳ қабл ба симмати раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мансуб шуда буд, дар синни 61-солагӣ даргузашт. Сорбон, писари Исмоил Талбаков гуфтааст, падараш ба бемории хосе мубтало набуда ва ба таври ногаҳонӣ даргузаштааст. Ба гуфтаи Сорбон, падараш рӯзҳои ахир дар бемористон низ бистарӣ нашуда буд ва танҳо рӯзи ҷумъа аз сардарди шадид шикоят дошт.

Исмоил Талбаков 24 марти соли 1955 дар рустои Ҳасанбегии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1976 риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба поён расонд. Ӯ аз соли 1983 дар мансабҳои ҳизбӣ машғул ба фаъолият шуд ва солҳои 1990-1993 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик ва солҳои 1993-2000 муншии аввали кумитаи ҲКТ дар шаҳри Кӯлоб буд. Талбаков моҳи июли имсол дар 32-юмин Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба унвони раиси ин ҳизб интихоб шуд. Ӯ то замони расидан ба мақоми раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон муовини аввали раиси ин ҳизб буд ва се давра ба унвони намояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуда буд. Талбаков ҳамчунин дар интихоботҳои раёсатҷумҳурӣ дар солҳои 2006 ва 2013 номзад буд.