Март 07, 2023 10:03 Asia/Dushanbe
  • Касби ду нишони ҷудукорони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Тошканд

Ҷудукорони Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии Тошканд ду нишон касб карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни 66 - килограм нишони тилло ва Сомон Муҳаммадбеков дар вазни 81 - килограм нишони бринҷӣ касб карданд .
Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 килограм, Иброҳимҷон Элмуродов ва Темур Раҳимов дар вазни ҷамъи 100 килограм бо рақибони худ мубориза карданд, аммо танҳо Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов ба тартиб дар ҷойгоҳҳои ҳафтуму панҷум қарор гирифтанд.

 

Барчасп