Март 11, 2023 13:23 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Раҳмон ба раиси ҷумҳурии Чин

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме интихоби дубораи Ши Ҷейн Пинг ба унвони раиси Ҷумҳурии халқи Чинро табрик гуфт .

Ши Ҷейн Пинг барои сеюмин давраи панҷсола ба унвони раиси ҷумҳурии Чин интихоб шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар паёми Эмомалӣ Раҳмон омада : Интихоби дубораи Шумо дар болотарин мақоми давлатӣ яке дигар аз нишонаҳои эътибору эҳтиром дар ҷомеъаи Чин ва ҳамчунин ҳимояти комил аз масири сиёсиатон дар Чин аст .
Раҳмон афзуда : Чин наздиктарин ҳамсоя ва шарики қобили эътимод дар арсаи байналмилалӣ буда ва таҳти раҳбарии Шумо  бо итминон дар масири тавсеаи иқтисодӣ – иҷтимоӣ пеш меравад .
Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди инки Тоҷикистон хостори тақвияти равобити чандҷониба бо Чин аст, ибрози итминон кард ки бо талошҳои муштарак ба вижа дар чорчӯби дидорҳову музокироти оянда дар болотарин сатҳ ҳамкориҳои ду кишвар ғанитар хоҳанд шуд .

 

Барчасп