Дидори дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
(last modified Mon, 13 Mar 2023 12:19:49 GMT )
Март 13, 2023 17:19 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Дидори дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дабири кулли Созмони Паймон Амнияти Дастаҷамъӣ бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СПАД дар чорчуби сафари кори ба душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.

Ду тараф дар ин дидор аҳдофи пешравии СПАД ва ҳамчунин бархе мавзуъоти муҳими дастури кори минтақаӣ ва байналмилалиро барраси карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома бар аҳамияти эҷоди ҳамкори дар заминаҳои сиёсӣ, гардишгарӣ, фаъолиятҳои байналмилалаии СПАД, афзоиши асарбахшии ҳамкориҳои низомӣ, фаннӣ ва иқтисодӣ таъкид кард.

Таъкиди дигари ду тараф бар аҳамияти тақвияти ҳамкории ҳамаҷониба барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидоти амниятӣ ба вижа терроризм, ифротигароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетики ва созмонёфтаи фаромиллӣ буд.

Ду тараф бар аҳамияти эҷоди зарфияти СПАД барои муборизаи муассир бо хатарот ва таҳдидоти мавҷуди амниятӣ ишора карданд.