Тақдими устуворномаи сафирони ҷадиди 10 кишвар ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i99666-Тақдими_устуворномаи_сафирони_ҷадиди_10_кишвар_ба_раиси_Ҷумҳурии_Тоҷикистон
Сафирони ҷадиди 10 кишвари мухталиф устуворномаҳои худро ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Март 13, 2023 18:04 Asia/Dushanbe
  • Тақдими устуворномаи сафирони ҷадиди 10 кишвар ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Тақдими устуворномаи сафирони ҷадиди 10 кишвар ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафирони ҷадиди 10 кишвари мухталиф устуворномаҳои худро ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафирони ҷадиди кишварҳои Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Партугалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав дар маросиме, ки дар Кохи Миллати шаҳри Душанбе баргузор шуд устуворномаҳои худро ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим интисоби онҳо ба чунин мансаби пурмасъулиятро табрик ва ибрози этминон кард, ки фаъолияти муассири онҳо омили муассири дар рушд ва тақвияти равобити дустона ва ҳамкориҳои ҷандчониба байни кишвар хоҳад шуд.

Вай дар бахши аз суханони худ бар омодагии Тоҷикистон барои ғанисозии муҳтавои равобит бо кишварҳои зикршуда дар разминаҳои мухталифи мавриди алоқаи тарафҳо, ки зарфиятҳои истифоданашудаи зиёди дорад таъкид кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои ҳимоят аз ибтикори ҷаҳонии ин кишвар дар заминаи ҳалли мушкилоти обу ҳаво изҳори сипос ва бори дигар ба сафирони ҷадиди кишварҳои хориҷи орзуи мувафақият кард ва омодагии худ дар ҷиҳати мусоъидати ҳамаҷониба дар иҷрои рисолати дипломотики онҳо иброз дошт.