Ҳузури ҷаҳор бонӯи муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокси Деҳли
Ҷаҳор бонӯи муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокси Деҳли ширкат доранд .
Инҳо Самия Қосимова дар вазни 48 килограм,Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50 килограм,Мижгона Самадова дар вазни 60 килограм ва Нилуфар Бобоёрова дар вазни 63 килограм ҳастанд,ки дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси бонувони ҷаҳон, ки аз имрӯз дар Деҳлии Ҳинд оғоз шудааст, ширкат мекунанд .
Ба гузориши “ Ховар ” ба нақл аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии бокси бонувони ҷаҳон аз 16 то 26 март бо ҳузури намояндагони 65 кишвар дар Деҳли баргузор мешавад .
Ба боксёрҳое ки дар ин мусобиқот медали тиллоро касб кунанд 100 ҳазор доллари Амрико, медали нуқра 50 ҳазор доллари Амрико ва медали бринҷӣи 25 ҳазор доллари Амрико эҳдо мешавад .