Март 17, 2023 17:20 Asia/Dushanbe
  • Дар моҳи Рамазон ба мардум китоби Қуръон туҳфа мекунанд
    Дар моҳи Рамазон ба мардум китоби Қуръон туҳфа мекунанд

Дар остонаи фаро расидани моҳи Рамазон 32 ҳазор ҷилд китоби Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ байни мардуми Тоҷикистон тақсим мешавад.

Ба гузориши “Азия плюс”, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими суннатҳо ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар ин бора гуфт, ҳайатҳои динӣ ва раисони ҳавзаҳои динии шаҳру навоҳӣ қуръонҳоро байни мардум тақсим хоҳанд кард.

Вай афзуд: «Китобҳои Қуръонро устоди фақид Маҳмудҷон Умаров ба хати сириллик ва забони тоҷикӣ тарҷума кардааст ва бештари уламову соҳибназарони динӣ бар сиҳҳати тарҷумаи он назари мусбат додаанд.

Афшини Муқим гуфт, аз ин назар дар тарҷумаи Қуръон ҷои ҳеҷ тардиде нест.

Имсол 23 март моҳи Рамазон дар Тоҷикистон оғоз мешавад.

 

Барчасп